Санаи 7 августи соли 2026 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон ҳамоиши ҷашнӣ бо иштироки роҳбарияти мақомоти давлатӣ, собиқадорони соҳаи варзиш, мураббиён ва…
Санаи 7 августи соли 2026 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон ҳамоиши ҷашнӣ бо иштироки роҳбарияти мақомоти давлатӣ, собиқадорони соҳаи варзиш, мураббиён ва варзишгарони ҷавону наврас баргузор гардид.
Дар ҳамоиш Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Сафарзода Дилшод Ғанӣ, муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтолиб Шокирзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Бобохонзода Раҷабалӣ, кормандони дастгоҳи Раис ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, намояндагони муассисаҳои соҳаи варзиш, собиқадорони варзиш ва варзишгарони мактабҳои махсуси варзишии ноҳия иштирок намуданд.
Қабл аз оғози қисми расмии чорабинӣ дар саҳни бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ намоиши дастовардҳои варзишгарони ноҳия, ки дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён гардидаанд, ба маърази тамошо гузошта шуд. Ҳамзамон, наврасону ҷавонон маҳорати худро аз рӯйи намудҳои гуногуни варзиш, аз ҷумла таэквондо, бокс, футбол, волейбол, шоҳмот ва дигар навъҳои варзиш ба таври намунавӣ ба намоиш гузошта, маҳорати баланди касбии худро муаррифӣ намуданд.
Пас аз шиносоӣ бо намоишгоҳ ва барномаҳои варзишӣ меҳмонон ба толори асосии ҳамоиш ворид шуданд. Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Сафарзода Дилшод Ғанӣ оғоз гардида, баъдан Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби варзишгарон бо тантана ба толор ворид карда шуда, Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод.
Раиси ноҳия зимни суханронии худ ҳамаи варзишгарон, мураббиён ва кормандони соҳаро ба муносибати Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон самимона табрик намуда, иброз дошт, ки рушди соҳаи варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сиёсати хирадмандона ва таваҷҷуҳи доимии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, имрӯз варзиш ба яке аз самтҳои муҳимми сиёсати иҷтимоии давлат табдил ёфтааст.