Зери парчами давлат - Бо руҳияи ватандӯстӣ ба истиқболи 35-соли истиқлол
Дар асоси дастуру супоришҳои Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ва ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар кулли майдончаҳои варзишии ҳудуди ноҳия корҳои омодагӣ ва ороишӣ ба роҳ монда шуда, Парчами давлатии Ҷумҳурии…
Дар асоси дастуру супоришҳои Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ва ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар кулли майдончаҳои варзишии ҳудуди ноҳия корҳои омодагӣ ва ороишӣ ба роҳ монда шуда, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон насб гардид.
Ин иқдом бо ибтикори Муассисаи давлатии «Нигоҳдории боғу гулгаштҳо, майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакони ноҳияи Фирдавсӣ» амалӣ шуда, ҳадафи он баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ва зебою назаррабо гардонидани муҳити атроф мебошад.
Ибрози қайд аст, ки Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи соҳибихтиёрӣ, ваҳдати миллӣ ва давлатдории тоҷикон дар тамоми гӯшаҳои ноҳия парафшон гардида, ба истиқболи ҷашни муқаддаси миллӣ фазои идона фароҳам меорад.
Хушбахтона, корҳои ободониву созандагӣ ва омодагӣ ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ бо маром идома доранд.