9 августи соли 2026 дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи фарҳанги ноҳияи Муъминобод баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо ҳузури намояндагони Ҳукумати…
9 августи соли 2026 дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи фарҳанги ноҳияи Муъминобод баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо ҳузури намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ноҳияи Фирдавсӣ ва ноҳияи Муъминобод, аҳли илму адаб, фарҳанг ва ҳунар, инчунин сокинону меҳмонони пойтахт баргузор шуда, фарҳанги ғанӣ, анъанаҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Муъминободро муаррифӣ намуд.
Дар оғози чорабинӣ намояндагон таъкид намуданд, ки баргузории рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар пойтахт барои муаррифии имкониятҳои фарҳангӣ, иқтисодӣ ва сайёҳии минтақаҳо, таҳкими дӯстиву ҳамдилӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва шиносоии сокинону меҳмонони пойтахт бо дастовардҳои гӯшаву канори кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар доираи чорабинӣ намоиши васеи дастовардҳои ноҳияи Муъминобод дар соҳаҳои варзиш, маориф, сайёҳӣ, меъморӣ, фарҳанг, ҳунарҳои мардумӣ, кишоварзӣ ва дигар бахшҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ташкил карда шуд. Маҳсули дастони ҳунармандони мардумӣ, намунаҳои ҳунарҳои миллӣ, маҳсулоти кишоварзӣ, таомҳои миллӣ ва дигар дастовардҳои ноҳия ба маъраз гузошта шуданд.