Баҳри ободии шаҳр: суҳбати созанда бо сокинони шаҳраки 64
Дар шаҳраки 64-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо иштироки сокинон ва масъулони Муассисаи давлатии «Нигоҳдории боғу гулгаштҳо, майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакони ноҳияи Фирдавсӣ» вохӯрӣ ва суҳбати созанда баргузор гардид. Дар ҷараёни вохӯрӣ…
Дар шаҳраки 64-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо иштироки сокинон ва масъулони Муассисаи давлатии «Нигоҳдории боғу гулгаштҳо, майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакони ноҳияи Фирдавсӣ» вохӯрӣ ва суҳбати созанда баргузор гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ директори Муассиса Латипов Оятулло бо сокинони шаҳрак суҳбати озоду самимӣ анҷом дода, вобаста ба масъалаҳои муҳимми ободонӣ, тозагӣ ва нигоҳдории муҳити зист андешаву пешниҳодҳои сокинонро шунид.
Зимни суҳбат, пеш аз ҳама, масъалаи таъмини тозаву озодагӣ дар атрофи майдончаҳои варзишӣ, нигоҳубини дурусти гулу буттаҳо, ҳифзи сабзазорҳо ва нигоҳдории комили инфрасохтори мавҷуда мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳамзамон, таъкид гардид, ки тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист ва эҳтиёткорона муносибат кардан ба майдончаҳои варзишию бозии кӯдакон вазифаи танҳо масъулон набуда, масъулияти шаҳрвандии ҳар як сокини шаҳрак ба ҳисоб меравад.
Дар идомаи вохӯрӣ миёни масъулони муассиса ва сокинон саволу ҷавоб сурат гирифта, масъалаҳои марбут ба беҳтар намудани вазъи санитарӣ, нигоҳдории гулу дарахтони ороишӣ, истифодаи дурусти майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакон, инчунин риояи фарҳанги шаҳрнишинӣ мавриди мубодилаи афкор қарор гирифт.
Зикр гардид, ки баланд бардоштани маърифати шаҳрнишинӣ, эҳтиром ба меҳнати кормандони соҳаи хизматрасонӣ ва саҳмгузорӣ дар ободии маҳалли зист яке аз омилҳои муҳимми таъмини муҳити солиму зебо ба ҳисоб меравад. Дар ин замина, сокинон низ омодагии худро барои ҳамкорӣ, риояи тозагӣ ва саҳмгузорӣ дар корҳои ободонию созандагӣ баён намуданд.
Таъкид шуд, ки баргузории чунин мулоқоту суҳбатҳо бо сокинон дар доираи корҳои созандагӣ ва ободонӣ, бахусус дар остонаи ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аҳамияти муҳим дошта, барои таҳкими ҳамкории масъулон бо аҳолӣ ва ҷалби бештари сокинон ба корҳои ободонӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Масъулони муассиса изҳор доштанд, ки корҳои ободонию созандагӣ ва нигоҳдории муҳити зист дар ҳудуди ноҳия минбаъд низ бо масъулияти баланд идома ёфта, ҳамкории судманд бо сокинон ҳамчун яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти муассиса тақвият дода мешавад.
Дар фарҷоми вохӯрӣ таъкид гардид, ки танҳо бо ҳамдилӣ, ҳамдастӣ ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ метавон муҳити зисти ободу зебо ва барои зиндагии шоиста мувофиқро барои худу ҷомеа фароҳам овард.