Аз дастранҷи кишоварз то маҳсули ҳунарманд: Вилояти Суғд дар Душанбе
14 август дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ дар доираи Рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид. Дар ярмарка зиёда аз 1200 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ва…
14 август дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ дар доираи Рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.
Дар ярмарка зиёда аз 1200 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ва маҳсулоти саноатии вилояти Суғд, аз ҷумла меваю сабзавот ва дигар маҳсулоти тару тоза, бо нархҳои нисбатан арзон пешниҳод шуд.
Ҳамзамон, ҳунарҳои мардумии вилояти Суғд, аз ҷумла чакан, гулдӯзӣ, адрасу атлас, кулолгарӣ, заргарӣ ва кандакорӣ ба намоиш гузошта шуданд.