Бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 14 июли соли 2026 таҳти №527 «Дар бораи ташкил ва баргузории ярмаркаи фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ дар шаҳри Душанбе», аз 1 то 31 августи соли равон дар нуқтаҳои муайяншудаи пойтахт ярмаркаҳои…
Бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 14 июли соли 2026 таҳти №527 «Дар бораи ташкил ва баргузории ярмаркаи фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ дар шаҳри Душанбе», аз 1 то 31 августи соли равон дар нуқтаҳои муайяншудаи пойтахт ярмаркаҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ ба роҳ монда шудаанд.
Дар ин замина, имрӯз муовини Раиси шаҳри Душанбе Тоҳирзода Меҳриддин ҳамроҳ бо намояндагони сохторҳои дахлдор аз як қатор бозорҳо ва марказҳои савдои пойтахт боздид намуда, бо ҷараёни ташкили ярмаркаҳои фурӯши либоси ягонаи мактабӣ ва лавозимоти хониш аз наздик шинос шуданд.
Зимни боздид ба масъулони нуқтаҳои савдо ҷиҳати таъмини сифати баланди маҳсулот, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ, риояи талаботи санитарию беҳдоштӣ ва нигоҳ доштани нархҳои дастрасу муътадил дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки дар давраи баргузории ярмаркаҳо ҳуқуқу манфиатҳои харидорон ҳифз гардида, аҳолӣ бо либосу лавозимоти хушсифати мактабӣ ва нархҳои мувофиқ таъмин карда шавад.