4 августи соли 2026 дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №77-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бахшида ба таҷлили ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Муассисаи давлатии “Нигоҳдории боғу…
4 августи соли 2026 дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №77-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бахшида ба таҷлили ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Муассисаи давлатии “Нигоҳдории боғу гулгаштҳо, майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакони ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе» бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Муродзода Ҷурабек, директори Муассисаи давлатии «Нигоҳдории боғу гулгаштҳо, майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакони ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе» Латипов Оятулло ва ҳайати коллективи муассиса дори шуд.
Ҳадафи асосии ҷаласа таҳкими ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, тарғиби арзишҳои даврони соҳибистиқлолӣ, баланд бардоштани масъулияти кормандон дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ, инчунин саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву созандагӣ ва нигоҳдории муҳити зисти обододу тозаи пойтахт ба истиқболи ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ гардид.
Дар ҷаласа Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ Муродзода Ҷурабек дар мавзуи «Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастовардҳои он дар 35 соли соҳибистиқлолӣ» суханронӣ кард. Зимни баромади худ ӯ аз нақши таърихии Истиқлолияти давлатӣ дар таҳкими давлатдорӣ, рушди босуръати соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳанг, маориф, тандурустӣ, варзиш ва ободонии кишвар ёдовар шуда, таъкид намуд, ки маҳз дар партави сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.
Ҳамзамон, директори Муассисаи давлатии «Нигоҳдории боғу гулгаштҳо, майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакони ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе» Латифов Оятулло вобаста ба фаъолияти пурмаҳсули муассиса, аҳаммияти тозаву озода нигоҳ доштани боғу гулгаштҳо, майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакон, риояи қоидаҳои маърифати шаҳрнишинӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва саҳми ҳар як корманд дар ободонии пойтахт андешаи хешро иброз намуд. Ӯ кормандонро ба масъулияти бештар, муносибати содиқона ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва саҳмгузории фаъолона дар корҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни миллӣ даъват кард.
Дар рафти ҷаласа инчунин масъалаҳои вобаста ба вусъат бахшидани корҳои ободонӣ, беҳтар намудани ҳолати санитарии боғу гулгаштҳо, нигоҳдории босифати майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакон, риояи интизоми меҳнат ва татбиқи нақшаҳои муассиса мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.