Дар кӯчаи Қаҳҳоров 149-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо роҳбарии муовини Раиси ноҳия Сафарзода Шодиҷон ва кормандони бахшу шуъбаҳои мақомоти иҷроия вохӯрӣ бо сокинон баргузор гардид . Дар вохӯрӣ масъалаҳои омодагӣ ба ҷашни муқаддаси 35-солагии…
Дар кӯчаи Қаҳҳоров 149-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо роҳбарии муовини Раиси ноҳия Сафарзода Шодиҷон ва кормандони бахшу шуъбаҳои мақомоти иҷроия вохӯрӣ бо сокинон баргузор гардид
.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои омодагӣ ба ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъати корҳои ободониву созандагӣ, тозагиву тартибот ва риояи қоидаҳои шаҳрнишинӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Зимни суҳбат таъкид гардид, ки ҳар як сокин дар ободии маҳалли зист, нигоҳдории муҳити зист ва баланд бардоштани фарҳанги шаҳрнишинӣ саҳми арзандаи худро гузорад.
Ҳамзамон, вобаста ба иҷрои корҳои созандагӣ ва омодагӣ ба истиқболи сазовори ҷашни миллӣ ба сокинон тавсияҳои дахлдор дода шуданд.