Амалисозии барномаҳои давлатӣ дар самти ҳунаромӯзии духтарон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе
Бо мақсади амалисозии стратегияву барномаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳунаромӯзӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати оиладорӣ ва ҷалби духтарону занон ба омӯзиши касбу ҳунар, дар маҳаллаҳои ҳудуди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе…
Бо мақсади амалисозии стратегияву барномаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳунаромӯзӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати оиладорӣ ва ҷалби духтарону занон ба омӯзиши касбу ҳунар, дар маҳаллаҳои ҳудуди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе чорабиниҳои омӯзишӣ бо усули хона ба хона мунтазам баргузор карда мешаванд.
Ин навбат, аз ҷониби шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ дар боғчаи «Фил ва Парвона»-и ҳудуди ноҳияи чорабинии омӯзишии ҳунарҳои мардумӣ, хусусан омода кардани таъомҳои миллӣ бо аслу усули хоси худ баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ масъулин бо ҳозирин, бахусус занону духтарон оид ба аҳаммияти омӯзиши касбу ҳунар, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва истифодаи имкониятҳои мавҷудаи курсҳои омӯзишӣ суҳбату машварат анҷом доданд.
Ҳамзамон, дар рафти чорабинӣ тарзи омода намудани як қатор хӯрокҳои миллии тоҷикӣ ба таври амалӣ нишон дода шуда, иштирокчиён бо нозукиҳои омодасозии онҳо шинос гардиданд.
Албатта, бояд қайд кард, ки ин иқдом ба ҳифзу эҳёи анъанаҳои миллӣ, рушди маҳорати бонувон ва ташвиқи фарҳанги миллӣ мусоидат намуда, татбиқи барномаҳои давлатӣ дар самти ҳунаромӯзии занону духтарон барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва таҳкими мавқеи занон дар ҷомеа аҳаммияти муҳим дорад.
Гуфта шуд, ки чунин чорабиниҳои фарҳангӣ-маърифатӣ дар дигар маҳаллаҳои ноҳияи Фирдавсӣ низ идома дошта, ба рушди ҳунаромӯзӣ, эҳёи арзишҳои миллӣ ва баланд бардоштани маърифати ҷомеа мусоидат хоҳанд кард.
Ҳамзамон, дар чорабинӣ кӯдакони хурдсол низ фаъолона иштирок намуда, дар саҳни ҳавлии кӯдакистон бо шавқу завқи зиёд нишаста, раванди омода намудани хӯрокҳои миллиро тамошо карданд. Ин иқдом боиси баланд гардидани шавқи онҳо нисбат ба фарҳанги миллӣ, анъанаҳои неки ниёгон ва ҳунарҳои мардумӣ гардида, ба чорабинӣ рӯҳу таровати хос бахшид.