Бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносии миллӣ ва ҷалби ихтиёрии онҳо ба хизмати ҳарбӣ, дар маҳаллаҳои Қаҳрамон, Гулпарвар 1, 2, Сомон ва Чимтеппаи ноҳияи Фирдавсӣ вохӯрии судманд бо сокинон баргузор…
Бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносии миллӣ ва ҷалби ихтиёрии онҳо ба хизмати ҳарбӣ, дар маҳаллаҳои Қаҳрамон, Гулпарвар 1, 2, Сомон ва Чимтеппаи ноҳияи Фирдавсӣ вохӯрии судманд бо сокинон баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ муовини раиси ноҳияи Фирдавсӣ (Раиси комиссияи даъвати ҳарбӣ дар ноҳия) Абдуллои Санъат, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Бобохонзода Раҷабалӣ, муовини якуми Комиссари ҳарбии шаҳри Душанбе Шарифзода Муҳаддис ва Комиссари ҳарбии ноҳияи Фирдавсӣ Ёрзода Манучеҳр иштирок намуда, оид ба аҳамияти хизмати ҳарбӣ ҳамчун мактаби шуҷоат, мардонагӣ ва ватандӯстӣ суханронӣ карданд.
Зимни мулоқот таъкид гардид, ки ҳифзи марзу буми Ватан ва хизмати содиқона дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарзи муқаддаси ҳар як ҷавонмарди ватандӯст мебошад.
Иштирокчиён ҷавононро ба иҷрои масъулияти шаҳрвандӣ, хизмати софдилона ва саҳмгузорӣ дар таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар даъват намуданд.
Ҳамзамон, бо сокинон мубодилаи афкор сурат гирифта, ба саволҳои онҳо вобаста ба тартиби даъват, имтиёзҳо ва шароити хизмати ҳарбӣ посухҳои мушаххас пешниҳод карда шуд. Қайд гардид, ки чунин вохӯриҳо дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва ҳисси ватандӯстии ҷавонон нақши муҳим доранд.