Нимаи дуюми санаи 30 июли соли ҷорӣ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли Озмуни «Соҳибкори беҳтарини ноҳияи Фирдавсӣ» баргузор гардид. Дар ҳамоиш муовини Раиси…
Нимаи дуюми санаи 30 июли соли ҷорӣ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли Озмуни «Соҳибкори беҳтарини ноҳияи Фирдавсӣ» баргузор гардид.
Дар ҳамоиш муовини Раиси ноҳияи Фирдавсӣ Ҳабибзод Саидмуртазо, Раиси Комиссияи доимӣ ва муваққатии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе оид ба буҷет, рушди иқтисодию иҷтимоӣ, саноат, соҳибкорӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ Раҳматулло Нусратулло, кормандони сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорон иштирок доштанд.
Нахуст, муовини Раиси ноҳияи Фирдавсӣ баромад намуда, оид ба рушд бахшидани фаъолияти соҳибкорӣ дар мамлакат ва тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат дар ин роҳро таъкид намуд. Дар иртибот ба ин, ишора шуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе низ ба рушди фаъолияти соҳибкорию дастгирии давлатии соҳибкорон таваҷҷуҳи зарурӣ равона менамояд.
Дар идома, қайд гардид, ки озмуни ишорашуда дар асоси қарори Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо дарназардошти саҳми арзандаи соҳибкорӣ дар ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ ва буҷети ноҳия, ҳамзамон баланд бардоштани манзалат ва нуфузи соҳибкорон дар ҷомеа доир карда шуд.
Ҳамзамон, қайд гардид, ки интихоби ғолибони озмун ва натиҷаҳои он аз рӯйи нишондиҳандаҳои рушди истеҳсолот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, сифати хизматрасонӣ, пардохти саривақтии андозҳо ва саҳмгузорӣ дар корҳои ободонию созандагӣ ҷараён гирифт.
Ишора кардан ба маврид аст, ки Озмуни «Соҳибкори беҳтарини ноҳияи Фирдавсӣ» аз рӯйи 15 номинатсия доир гардида, ғолибон бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. Илова бар ин, соҳибкороне, ки барои ташкил намудани чорабинии мазкур ва иштироки фаъолона дар озмуни «Соҳибкори беҳтарини ноҳияи Фирдавсӣ» саҳим буданд, бо сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ сарфароз гардонида шуданд.