Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни бошукӯҳи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси ноҳияи Фирдавсӣ Сафарзода Дилшод Ғанӣ ҷиҳати вусъат…
Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни бошукӯҳи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси ноҳияи Фирдавсӣ Сафарзода Дилшод Ғанӣ ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ, мумфаршкунии роҳҳои дохили кӯчаву маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия босуръати баланд ва бомароми тоза идома дорад.
Дар ин росто, имрӯзҳо мумфаршкунии маҳаллаи Маърифати ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе идома дошта, дар назар аст, 250 метр роҳ бо сифати баланд мумфарш карда шавад. Ин иқдом ба беҳтар гардидани шароити рафтуомади сокинон, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва ободу зебо гардидани маҳалла мусоидат хоҳад намуд.
Воқеан ҳам, сокинони маҳалла аз чунин корҳои созандагӣ истиқбол намуда, бо ҳисси баланди ватандӯстӣ дар ободонии маҳалли зист саҳми арзандаи худро мегузоранд. Корҳои ободониву бунёдкорӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дигар маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия бо мароми тозаву ҳадафҳои созанда идома дорад.