Дар доираи накшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ва дастуру супоришҳои Раиси ноҳияи Фирдавсӣ силсилавохӯриҳои масъулони Муассисаи давлатии “Нигоҳдории боғу гулгаштҳо, майдончаҳои варзишӣ ва бозии…
Дар доираи накшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ва дастуру супоришҳои Раиси ноҳияи Фирдавсӣ силсилавохӯриҳои масъулони Муассисаи давлатии “Нигоҳдории боғу гулгаштҳо, майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдаконаи ноҳияи Фирдавсӣ” бо сокинони ноҳия бомаром идома дорад. Зимнан, ин навбат вохӯрӣ дар масъалаи мавриди назар бо сокинони шаҳраки 63, биноҳои 81,87 ва 93 доир шуд, ки дар он масъалаи маърифати шаҳрнишинӣ ва истифодаи дурусти майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакона мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Гуфта шуд, ки тозагиву озодагӣ ва бонизом нигоҳ доштани муҳити зисти шаҳраку маҳаллаҳои ноҳия, махсусан майдончаҳои варзишӣ ва боғу гулгаштҳо аз маърифати баланди сокинони ноҳия далодат мекунад ва таъкид карда шуд, ки ҳар яки моро зарур аст то дар ин кори муҳим иштироки фаъолона дошта бошем. Махсусан ишора шуд, ки ҳар як сокини пойтахтро зарур аст кӯчаву хиёбонҳо ва гирду атрофи манзилҳои истиқоматии хешро тозаву озода нигоҳ дошта, дар тозаву беолоиш ҳифзи гулу буттаҳои мавсимӣ бетараф набошанд. Зеро, таъсиси тамоми майдончаҳои варзишӣ ва шинонидани гулу буттаҳои атрофи шаҳраку маҳаллаҳо барои машғул шудани сокинон ба тамрину машкҳои бадан ва ҳифзи саломатии сокинон буда, дар ин самт ҳамеша иқдомҳои шоиста гирифта мешавад. Аз ин нуктаи назар, қайд карда шуда, ки муҳити зебо ва мусоид аз маърифати баланди сокинони ҳар як маҳалу шаҳраки ҳудуди ноҳия далолат мекунад.