Бо мақсади шиносоӣ аз ҷараёни корҳои истеҳсолӣ, махсусан истеҳсоли либосҳои мактабӣ дар корхонаҳои дӯзандагии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе муовини Раиси шаҳри Душанбе Тоҳирзода Меҳриддин, Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Сафарзода Дилшод Ғанӣ…
Бо мақсади шиносоӣ аз ҷараёни корҳои истеҳсолӣ, махсусан истеҳсоли либосҳои мактабӣ дар корхонаҳои дӯзандагии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе муовини Раиси шаҳри Душанбе Тоҳирзода Меҳриддин, Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Сафарзода Дилшод Ғанӣ ва муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Назар аз рафти корҳои банақшагирифташуда дар корхонаҳои дӯзандагии ҶДММ "Нассоҷии тоҷик" ва ҶДММ "Дунёи нав" аз наздик шинос шуданд.
Зимни боздид роҳбарони корхонаҳо оид ба рафти истеҳсолот, ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшуда, шароити меҳнат ва нақшаҳои минбаъдаи фаъолият маълумот пешниҳод намуданд.
Ҳозирин ба баланд бардоштани сифати маҳсулот, истифодаи самараноки иқтидорҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва риояи қоидаҳои техникаи бехатарӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ба масъулин ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда ва боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти истеҳсолӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Таъкид гардид, ки рушди соҳаи истеҳсолот яке аз омилҳои муҳимми пешрафти иқтисодии кишвар буда, барои афзоиши ҳаҷми истеҳсолот, баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ бояд аз тамоми имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода бурда шавад.