18 июли соли 2026 дар доираи рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои кишвар дар пойтахти мамлакат дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи А.Фирдавсӣ Рӯзҳои фарҳанги шаҳри Кӯлоб баргузор шуд. Бояд қайд кард, ки бори нахуст рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои кишвар…
18 июли соли 2026 дар доираи рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои кишвар дар пойтахти мамлакат дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи А.Фирдавсӣ Рӯзҳои фарҳанги шаҳри Кӯлоб баргузор шуд. Бояд қайд кард, ки бори нахуст рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои кишвар дар боғи ба номи А.Фирдавсӣ бо барномаи гала-консертии ҳунармандони маъруфи Тоҷикистон баргузор мешавад.
Дар ин чорабинӣ Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар, Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Сафарзода Дилшод, Раиси шаҳри Кӯлоб Пирзода Диловар, ҳамзамон намояндагони касбу кори гуногун, меҳмонон ва сокинони ноҳия иштирок намуданд.
Зимни боздид меҳмонон аз намоиши маҳсулоти кишоварзиву саноатӣ, маҳсули дасти ҳунармандони мардумӣ, таомҳои миллӣ ва дастовардҳои иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Кӯлоб шинос гардида, ба сатҳу сифати маҳсулоти пешниҳодшуда баҳои баланд доданд.
Ҳамзамон, аҳли фарҳанг ва ҳунармандони шаҳри Кӯлоб бо пешниҳоди барномаи рангини фарҳангиву консертӣ, суруду таронаҳои ватандӯстона ва рақсу оҳангҳои миллӣ табъи иштирокчиёнро болида гардонида, фарҳангу суннатҳои неки миллати тоҷикро муаррифӣ намуданд.