Бо мақсади истиқбол аз 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати тозаву озода нигоҳ доштани майдончаҳои варзишӣ ва боғу гулгаштҳо роҳбарият ва кормандони Муассисаи давлатии нигоҳдории боғу гулгаштҳо ва майдончаҳои варзишии ноҳияи Фирдавсии шаҳри…
Бо мақсади истиқбол аз 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати тозаву озода нигоҳ доштани майдончаҳои варзишӣ ва боғу гулгаштҳо роҳбарият ва кормандони Муассисаи давлатии нигоҳдории боғу гулгаштҳо ва майдончаҳои варзишии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар шанбегӣ фаъолона иштирок карданд.
Зимни корҳои ободонӣ ҳудуди боғҳо, гулгаштҳо ва майдончаҳои варзишӣ аз партовҳо тоза гардида, алафҳои бегона бартараф, дарахту буттаҳо ва гулу сабзаҳо обёрӣ шуданд. Ҳамзамон, роҳравҳо ва таҷҳизоти варзишӣ ба тартиб оварда шуда, барои нигоҳ доштани муҳити тозаву озода тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардиданд.
Чунин иқдомҳои созанда барои боз ҳам зеботар гардидани маҳаллаҳо, баланд бардоштани фарҳанги шаҳрнишинӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои истироҳату варзиши сокинон мусоидат намуда, минбаъд низ ба таври мунтазам идома хоҳанд ёфт.