Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани нақша чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, санаи 14 июли соли ҷорӣ аз ҷониби масъулони мақомоти иҷроия ва бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар…
Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани нақша чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, санаи 14 июли соли ҷорӣ аз ҷониби масъулони мақомоти иҷроия ва бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ дар куллу ҳавзҳои ҳудуди ноҳия санҷиш гузаронида шуда, ҳангоми рӯбарӯ шудан бо ноболиғон ва шаҳрвандон дар ҳолати шиноварӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Аз ҷониби гурӯҳи корӣ ҳангоми ба шиноварӣ машғул гардидани ноболиғон ва шахсони сину солашон калон дар каналу ҳавзҳои ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ баррасии бехатарӣ ҳангоми шиноварӣ ва ҳолатҳои рух додани таҳдид ба ҷони одамон таъкид гардида, махсусан дарҷ гардид, ки дар бештари маврид, маҳз дар натиҷаи беназоратии волидайн чунин ҳодисаҳои ғарқшавии ноболиғон дар ҳавзу кулҳо ба қайд гирифта мешаванд.
Масъулон таъкид карданд, ки рух додани ҳолатҳои нохуши ғаршавии ноболиғон дар ҳавзу кулҳо моро водор месозад, то наврасонро бе назорат нагузорем, дар иртибот ба ин, шаҳрвандон, махсусан волидайни наврасонро мебояд кӯдаконро беназорат нагузоранд.