Муҳтарам модарону бонувони гиромӣ! Бо камоли эҳтиром ва самимияти беандоза Шуморо ба муносибати Рӯзи Модар, ки яке аз ҷашнҳои муқаддас ва пурифтихори ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад, самимона табрику таҳният менамоям. Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат,…
Муҳтарам модарону бонувони гиромӣ!
Бо камоли эҳтиром ва самимияти беандоза Шуморо ба муносибати Рӯзи Модар, ки яке аз ҷашнҳои муқаддас ва пурифтихори ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад, самимона табрику таҳният менамоям.
Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат, рамзи покӣ, сабру таҳаммул ва нерӯи зиндагист. Маҳз бо заҳмату тарбияи неки модарон наслҳои солиму донишманд ба камол мерасанд ва дар рушди давлату ҷомеа саҳми арзанда мегузоранд. Дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон нақши бонувон, аз ҷумла модарон, дар пешрафти соҳаҳои илм, маориф, кишоварзӣ ва дигар бахшҳои ҳаёти ҷамъиятӣ басо назаррас мебошад.
Боиси ифтихор аст, ки дар Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон низ бонувони фаъолу донишманд фаъолияти самаранок дошта, бо корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, татбиқи дастовардҳои илм дар истеҳсолот ва тарбияи мутахассисони ҷавон саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Бо истифода аз фурсати муносиб ба ҳамаи Шумо — модарони азиз ва бонувони гиромӣ саломатии бардавом, рӯзгори обод, хушбахтии хонаводагӣ ва дар фаъолияти пуршарафатон барору комёбиҳои нав ба нав орзу менамоям.
Бигзор меҳру муҳаббати модар ҳамеша чароғи фурӯзони хонадонҳо бошад ва зиндагии Шумо пур аз шодиву саодат гардад.