Ҳамкорони гиромӣ, олимону муҳаққиқон, мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ва кулли ҳамватанони азиз! Бо камоли эҳтиром ва самимияти бепоён Шуморо ба муносибати фарорасии ҷашни бузурги миллӣ ва байналмилалӣ – Наврӯз, ки рамзи эҳёи табиат, оғози фасли нави…
Ҳамкорони гиромӣ, олимону муҳаққиқон, мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ва кулли ҳамватанони азиз!
Бо камоли эҳтиром ва самимияти бепоён Шуморо ба муносибати фарорасии ҷашни бузурги миллӣ ва байналмилалӣ – Наврӯз, ки рамзи эҳёи табиат, оғози фасли нави зиндагӣ ва муждаи фаровонӣ мебошад, табрик ва муборакбод менамоям.
Наврӯз яке аз куҳантарин ҷашнҳои тамаддуни башарӣ буда, дар фарҳанги ниёгони мо ҳамчун рамзи покӣ, дӯстӣ, ваҳдат ва эҳёи табиат мақоми хоса дорад. Дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҷашни бостонӣ бо сиёсати фарҳангпарварона ва таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил гардида, арзишҳои таърихӣ ва маънавии он беш аз пеш эҳё ва таҳким ёфтаанд.
Барои аҳли соҳаи кишоварзӣ Наврӯз на танҳо ҷашни анъанавӣ, балки оғози мавсими нави корҳои саҳроӣ ва заҳмати созанда мебошад. Ин фасл кишоварзонро ба кишту кори нав, истифодаи самараноки замин, татбиқи дастовардҳои илмӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ҳидоят менамояд. Дар ин раванд саҳми олимону мутахассисони Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар таҳияи навъҳои серҳосил, рушди технологияҳои муосири парвариши зироатҳо ва татбиқи дастовардҳои илм дар истеҳсолот хеле муҳим арзёбӣ мегардад.
Итминони комил дорам, ки кормандони муассиса минбаъд низ бо ҳисси баланди масъулият, донишу таҷрибаи илмӣ ва заҳмати содиқона дар пешрафти илми кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди устувори соҳаи боғу токпарварӣ ва сабзавоткорӣ саҳми арзандаи худро хоҳанд гузошт.
Бо истифода аз фурсати муносиб, ба ҳамаи Шумо тансиҳатӣ, саодати рӯзгор, муваффақиятҳои нав дар фаъолияти илмӣ ва меҳнатӣ, файзу баракат ва фаровонӣ орзу менамоям.
Бигзор ин ҷашни фархунда ба ҳар хонадон сулҳу оромӣ, меҳру муҳаббат ва рӯзгори ободу пурсаодат оварад. 

Директори Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон
Кароматзода Шарофиддин Шариф