31.01.2026 Имрӯз дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе яке аз ҷашнҳои пуршукуҳи ниёгон, нишоне аз фарҳанг ва такягоҳу пуштибони таърихи дури тоҷикон, ҷашни тавъам ба кайҳону солшуморӣ ва кишту кишоварзӣ — Сада ва…
Имрӯз дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе яке аз ҷашнҳои пуршукуҳи ниёгон, нишоне аз фарҳанг ва такягоҳу пуштибони таърихи дури тоҷикон, ҷашни тавъам ба кайҳону солшуморӣ ва кишту кишоварзӣ — Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ доир гардид.
Дар чорабинии мазкур муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зиёзода Сулаймон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа муҳтарам Сафарзода Анвар, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон, директори Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории АИКТ Кароматов Шарофиддин Шарифович, роҳбарону намояндагони вазоратҳо, кумитаҳо, агентиҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, муассисаву ташкилотҳои зерсохтори вазорати кишоварзӣ, раёсатҳои кишоварзии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, кишоварзон ва меҳмонону сокинони пойтахт иштирок намуданд.
Ҷашни Сада яке аз куҳантарин ҷашнҳои суннатии мардуми ориёинажод буда, таърихи он ба давраҳои бостонии тамаддуни инсоният бармегардад. Ин ҷашн, ки асосан ба кашфи оташ, гармӣ ва оғози омодагӣ ба мавсими киштукор иртибот дорад, нишонаи робитаи зичи инсон бо табиат ва равандҳои кишоварзӣ мебошад. Тибқи сарчашмаҳои таърихию адабӣ, аз ҷумла «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ, Ҷашни Сада бо кашфи оташ аз ҷониби Ҳушанг ва истифодаи он дар ҳаёти инсон вобастагӣ дорад.