Ҳамоиши илмӣ бахшида ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи "ПАЁМИ СОЗАНДА ВА КАФИЛИ РУШДИ БОСУБОТИ КИШВАР" дар Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон
Имрӯз, санаи 22 декабр соли 2025 дар Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Ҳамоиши илмӣ бахшида ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи "ПАЁМИ СОЗАНДА ВА КАФИЛИ РУШДИ БОСУБОТИ КИШВАР" баргузор гардид. Дар ҳамоиши илмӣ Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, академики АИКТ муҳтарам Салимзода Амонулло Файзулло, роҳбарияти муассисаҳои зертобеъ, олимону ходимони илмии Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткорӣ ва муассисаҳои зертобеи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Дар ҷараёни баррасӣ нуқтаҳои асосии Паём, аз ҷумла самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди миллӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир, тақвияти робитаи илм бо истеҳсолот ва омода намудани кадрҳои баландихтисос мавриди таҳлил қарор дода шуданд.
Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, академики АИКТ, муҳтарам Салимзода Амонулло Файзулло дар баромади худ таъкид намуд, ки Паёми Президенти кишвар ҳамчун санади муҳими стратегӣ барои рушди минбаъдаи соҳаи кишоварзӣ ва илмҳои аграрӣ аҳамияти хоса дорад. Зикр гардид, ки иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат аз олимон ва мутахассисон тақозо менамояд, то таҳқиқоти илмиро ба ниёзҳои амалии истеҳсолот мутобиқ намуда, дар самти баланд бардоштани ҳосилнокӣ, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва таъмини рушди устувори соҳа саҳми арзанда гузоранд.
Ҳамзамон, Салимзода Амонулло Файзулло ба масъалаҳои рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ, татбиқи навовариҳо, селексия ва тухмипарварӣ, инчунин тақвияти ҳамкории илмӣ бо хоҷагиҳои истеҳсолӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуд.
Дар анҷоми ҳамоиш иштирокчиён омодагии худро ҷиҳати иҷрои вазифаҳои дар Паём муайянгардида изҳор намуда, онро ҳамчун роҳнамо барои фаъолияти минбаъдаи илмӣ ва амалии соҳаи кишоварзӣ арзёбӣ карданд.