Ҳамкасбон ва ҳамдиёрони азиз!
Инак ҳамаи мо дар арафаи ҷашни барои миллатамон муқаддас, санаи таърихие, ки ҳаргиз аз хотири халқи тоҷик фаромуш намешавад, қарор дорем. Имсол халқи ватандӯсти кишвари мо 29 солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро дар фазои сулҳу субот ва дустиву якдилӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн мегиранд. Боиси зикр аст, ки пойдориву таҳкими ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи комил дар Тоҷикистони маҳбубамон натиҷаи заҳмату талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Маҳз меҳру муҳаббати самимии Пешвои миллат ба Ватан ва худшиносию худогоҳии миллати бузургамон боис шуд, ки ҳисси ватандӯстиву худогоҳии халқи кишвар боло рафта, ин раванд хусусияти устувор ва бебозгашт пайдо намояд.
Ваҳдат ва худшиносии миллӣ барои таҳкими истиқлолияти давлатӣ заминаҳои устувор гузошта, давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ мавқеи хоса касб ва низоми давлатдорӣ, сиёсати дохилию хориҷӣ, сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро мустақилона пеш бурда истодааст. Самараи ваҳдати миллӣ ва тарғиби пайвастаи ғояҳои он буд, ки Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳи таърихӣ ба марҳилаи рушди устувор ворид шуда, дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.
Бинобар ин, ҳар яки мо бояд барои устувор нигоҳ доштани ваҳдати миллӣ, ки хеле бо ҷонфидоӣ ба даст омадааст, тамоми неру ва маҳоратро барои саҳмгузорӣ дар татбиқи сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба харҷ диҳем.
Ҳамкасбони азиз. Ҳар яки мо барои фардои давлату миллат, сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ, хулоса, барои ояндаи осудаи Тоҷикистон масъулият дорем. Умед ҳаст, ки имсол ва солҳои минбаъда низ ба хотири рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии давлатамон, таҳкими Ваҳдати миллӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоиста ҷаҳду талоши бештар намуда, дар боз ҳам ободу зебо гардидани Ватани маҳбубамон саҳми босазои худро мегузорем.
Тамоми кормандон ва мутахассисони соҳаи авиатсияи граждании кишварро бо фарорасии иди муқаддаси миллат - 29 солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборакбод гуфта, хоҳони онем, ки сулҳу оштӣ ва ваҳдати миллӣ дар сарзамини мо ҷовидон бошад.
Тоҷикистон маркази сулҳу амонии ҷаҳон,
Пешвои миллати мо - Пешвои ваҳдат аст!
Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Назарзода Ҳабибулло