Санаи 19 августи соли 2026 Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ҳабибулло Темур дар ҷаласаи кории Кумитаи байнидавлатии авиатсионӣ (МАК), ки дар шаҳри Москва баргузор гардида буд, иштирок намуданд.
Дар ҷараёни ҷаласа доир ба масъалаҳои муҳими соҳаи авиатсияи гражданӣ, аз ҷумла таҳкими сатҳи бехатарии парвозҳо, татбиқи стандартҳо ва тавсияҳои байналмилалӣ, рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, кушодани хатсайрҳои нави ҳавоӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои авиатсионӣ ва табодули таҷрибаи пешқадам табодули афкор намуданд.
Ҳамзамон, ба масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои судманд дар соҳаи авиатсияи гражданӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои дахлдор ва фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои рушди минбаъдаи соҳаи авиатсия таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Қайд кардан ба маврид аст, ки аз 1 январи соли 2026 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иҷрои вазифаҳои раиси Шӯро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шурӯъ намуд. Ин масъулияти муҳим дар доираи ҳамкориҳои бисёрҷониба барои Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти мусоид фароҳам меорад, ки дар таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ, ҳамоҳангсозии мавқеъҳо ва пешбурди ташаббусҳои муштарак дар самти рушди соҳаи авиатсияи гражданӣ саҳми бештар гузорад.
Итминон ҳаст, ки раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди авиатсияи гражданӣ дар ҳамаи кишварҳои Иттиҳод такони иловагӣ бахшида, нуфуз ва обрӯи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам таҳким мебахшад.