Имрӯз дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи тасдиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба алоқаи ҳавоӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зимни баррасии масъалаи мазкур Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ҳабибулло оид ба аҳамияти ин Созишнома барои рушди ҳамкориҳои ҳавоии миёни ду кишвар баромад намуданд.
Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба алоқаи ҳавоӣ, ки 17 июли соли 2025 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, барои зиёд намудани шумораи парвозҳо, кушодани хатсайрҳои нави ҳавоӣ ва ба ин васила, васеъ намудани ҷуғрофияи парвозҳо заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меорад.
Ҳамзамон, татбиқи он ба рушди сайёҳӣ, таҳкими робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва зиёд гардидани имкониятҳои сафару рафтуомади шаҳрвандони ду кишвар мусоидат хоҳад кард.