Имрӯз бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштан ва беҳтар намудани ҳолати санитариву экологии гирду атрофи бинои маъмурӣ шанбегии дастаҷамъонаи кормандони Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҷараёни шанбегӣ кормандони Агентӣ бо рӯҳияи баланди масъулиятшиносӣ дар тоза намудани ҳудуди бино, ҷамъоварии партовҳо, ободонӣ ва ба тартиб даровардани муҳити атроф фаъолона иштирок намуданд.
Аксҳо аз ҷараёни баргузории шанбегии дастаҷамъона.