Санаи 14-16 апрели соли 2026 Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ҳабибулло Темур дар Симпозиуми ҷаҳонии авиатсияи гражданӣ (Global Implementation Support Symposium), ки дар шаҳри Марокаш баргузор гардида буд, иштирок намуданд.
Дар доираи ин чорабинии байналмилалӣ Котиби генералии Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО) Хуан Карлос Саласар, Директори дафтари минтақавии Аврупо ва Атлантикаи Шимолии ИКАО Николас Ралло, Вазири нақлиёт ва логистикаи Шоҳигарии Марокаш Абдесамад Каюҳ, инчунин роҳбарони мақомоти авиатсияи граждании зиёда аз 50 давлати ҷаҳон ширкат варзиданд.
Ҳамзамон, дар ҳошияи симпозиум мулоқоту вохӯриҳои судманд баргузор гардида, дар ҷараёни онҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар соҳаи авиатсияи гражданӣ баррасӣ шуданд. Аз ҷумла, ҷонибҳо доир ба таъмини бехатарии парвозҳо ва бехатарии авиатсионӣ, роҳандозии парвозҳои мустақим миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои Аврупо, рушди ҳамлу нақли боркашонӣ тавассути ҳавопаймо, инчунин зиёд намудани шумораи хатсайрҳои мавҷуда табодули назар намуданд.
Қобили зикр аст, ки чунин вохӯриҳо барои таҳкими робитаҳои байналмилалӣ, ҷалби шарикони нав ва фароҳам овардани заминаи мусоид барои рушди устувори соҳаи авиатсияи граждании кишвар аҳамияти муҳим доранд.
Умед меравад, ки натиҷаҳои мулоқоту музокироти баргузоргардида дар ояндаи наздик ба густариши шабакаи парвозҳо, беҳтар гардидани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва таҳкими мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми ҷаҳонии авиатсияи гражданӣ мусоидат хоҳанд кард.
Аксҳо аз ҷараёни баргузории вохӯриҳо.