Санаи 9 апрели соли равон дар шаҳри Душанбе бо иштироки Роҳбарони аввали авиатсияи гражданӣ ва муовинони вазирони нақлиёти давлатҳои иштирокчии Созишнома аз қабили Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Арманистон, Қирғизистон, Белоруссия, Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Федератсияи Россия бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи авиатсияи гражданӣ, аз ҷумла бехатарии парвозҳо, сиёсат дар соҳаи нақлиёти ҳавоии байналмилалӣ, истифодаи фазои ҳавоӣ ва ташкили ҳаракати ҳавоӣ, ҷорӣ намудани санадҳои меъёрии байнидавлатии мувофиқашуда, стандартҳои байналмилалӣ ва қоидаҳо дар соҳаи авиатсияи гражданӣ Шӯрои 48-уми (МАК/КБА) баргузор гардид. Чорабинии мазкурро намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Азим Иброҳим бо суханрони ифтитоҳ намуда, ба корӣ Шӯро ва баррасии масъалаҳои пешбинигардида бо Раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ намуданд.
Кумитаи байнидавлатии авиатсионӣ (МАК/КБА) мақоми доимоамалкунанда буда, барои амалисозии Созишнома дар бораи авиатсияи гражданӣ ва истифодаи фазои ҳавоӣ аз соли 1991 таъсис дода
шуда, масъул мебошад. Шӯрои 48-уми Кумитаи байнидавлатии авиатсионӣ бади 35 соли фаъолият маҳз бо дастгирии бевоситаи Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз январи соли 2026 мувофиқи Низомнома дар бораи Шӯро бори нахуст роҳбарии Раисии Шӯро аз ҷониби намояндаи ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ҳабибулло Темур тибқи қарори Шӯрои Кумитаи байнидавлатии авиатсионӣ (МАК/КБА) ба муҳлати 3 сол оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил интихоб гардида, Раисиро дар Шӯро роҳбарӣ менамояд.
Ин чорабинӣ мақоми Тоҷикистонро дар арсаи авиатсияи байналмилалӣ тақвият бахшида, имкон медиҳад, ки таҷрибаи кишвар дар соҳаи нақлиёти ҳавоӣ ва инфрасохтори фурудгоҳҳо ва зиёд гардидани хатсайрҳо заминаи мусоиди фароҳам гузорад.