Санаи 4 ноябри соли 2025 дар шаҳри Давҳа вохӯрии Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — Назарзода Ҳабибулло Темур бо Директори генералии Маъмурияти авиатсияи граждании Давлати
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои кушодани парвозҳои доимӣ дар самти Душанбе – Давҳа, парвозҳои боркашонӣ (карго) ва бизнес авиатсия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимни мулоқот Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор доштанд, ки бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвоимиллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз 12 июни соли 2025дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати «Осмони кушод» ҷорӣ гардидааст, ки ин имкон медиҳад, ки ҳамкориҳо бо ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ зиёд карда шаванд.
Инчунин, бо мақсади ифтитоҳи хатсайрҳои нав, ҷалби сайёҳон ва сармояи хориҷӣ, дар фурудгоҳҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳама намудҳои хизматрасонӣ то 40 фоиз тахфиф эълон карда шудааст.
Ҳамзамон, Директори генералии Маъмурияти авиатсияи граждании Давлати Қатар омодагии ҷониби Қатарро барои ба роҳ мондани парвозҳои мустақим байни Тоҷикистон ва Қатар аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии он кишвар иброз намуданд.
Мулоқот дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид.
Аксҳо аз ҷараёни вохӯрӣ.