Қаблан (29.08.2025) ба иттилои шаҳрвандон расонида будем, ки 16.09.2025 оғози парвози мустақими ширкати ҳавопаймоии ZHEJIANGLOONG AIR дар хатсайри Сиан – Душанбе – Сиан амалӣ хоҳанд гардид.
Инак, имрӯз ин парвоз дар масири Сиан – Душанбе – Сиан (ҳафтае ду маротиба рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа) оғоз гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки 21.08.2025 дар Агентии авиатсияи гражданӣ вохурии Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ҳабибулло бо Сафири Фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Го Жичун баргузор гардида, масъалаи тақвияти ҳамкориҳо ҷиҳати рушди соҳаи авиатсияи гражданӣ, ифтитоҳи хатсайрҳои мустақими ҳавоӣ дар самти Душанбе – Сиан – Душанбе – Гуанҷоу баррасӣ гардиданд.
✈️✈️✈️