Санаи 5 сентябри соли 2025 дар толори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурии директори Агентии авиатсияи гражданӣ Назарзода Ҳабибулло бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид Абдулраҳмон Ал Решайдан баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур мавзӯи боз ҳам зиёд намудани парвозҳо, кушодани хатсайрҳо аз ҷониби ширкатҳои ҳавоии Арабистони Саудӣ, инчунин тақвият бахшидани ҳамкориҳо дар соҳаи авиатсияи граждании ҳарду ҷониб баррасӣ гардиданд.
Боиси хушнудист, ки таҳти дастгирӣ ва ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи авиатсияи Тоҷикистон марҳила ба марҳила рушд намуда истодааст.
Ҷорӣ намудани сиёсати “Осмони кушод” ба зиёдшавии ҳамкориҳои Тоҷикистону давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон, дар соҳаи авиатсияи гражданӣ боис мегардад. Вохуриҳои судманд дар самти мазкур идома доранд.