Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯз дар Дастгоҳи марказии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти роҳбарияти Агентӣ бо намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур муовини якуми Директори Агентӣ, муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва ҳайаи шахсии дастгоҳи марказии Агентӣ иштирок доштанд.
Дар оғози мулоқот муовини якуми Директори Агентӣ суханронӣ намуда, Истиқлоли давлатиро ҳамчун дастоварди бузурги таърихӣ ва заминаи асосии рушди устувори кишвар арзёбӣ карданд. Таъкид гардид, ки ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва ояндасози давлат дар ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва пешрафти ҷомеа нақши муҳим доранд.
Сипас, муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, дар бораи нақши ҷавонон дар ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва иштироки фаъолонаи насли ҷавон дар ҳаёти иҷтимоиву ҷамъиятии кишвар андешаронӣ намуданд.
Дар идомаи чорабинӣ кормандони ҷавони Агентӣ баромад намуда, оид ба аҳамияти Истиқлоли давлатӣ, масъулияти насли ҷавон дар назди Ватан ва саҳми ҷавонон дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол андешаҳои худро баён намуданд.
Аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор кормандони ҷавони Агентӣ барои фаъолияти хуб, ташаббускорӣ ва саҳмгузорӣ дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.
Мулоқот дар фазои гарму самимӣ ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ баргузор гардида, барои таҳкими ҳисси масъулиятшиносӣ, худшиносии миллӣ ва ҳавасмандии ҷавонон ҷиҳати фаъолияти содиқона ба нафъи давлату миллат ва гузоштани саҳми арзанда дар ободии Ватан заминаи мусоид фароҳам оварда шуд.