Санаи 7–уми октябри соли 2026 дар толори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №26 –и ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии бо омӯзгорон ва хонандагони синфҳои болоӣ суҳбату вохӯрӣ баргузор намуданд.
Зимни суҳбат мутахассисон ҷиҳати амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон”, “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, Стратегияҳо, барномаҳои давлатӣ, “Нақшаи кори Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак” ва “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” суханронӣ намуданд.