Санаи 15 –уми октябри соли 2025 кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар толори Муассисаи давлатии “Маркази саломатии шаҳрии №8”-и шаҳри Душанбе бо кормандони тибби муассисаи мазкур вохӯрӣ дар мавзӯъи “Пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноят дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва моддаҳои психотропӣ” баргузор намуданд.
Ҳамзамон, дар рафти вохӯрӣ ба кормандони тибб доир ба санадҳои меъёри ҳуқуқие, ки муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳоро ба танзим медароранд аз ҷониби кормандони Агентӣ ба саҳмашон расонида шуд.
Бояд қайд намуд, ки дар рафти вохӯрӣ кормандони муассисаи мазкур ба саволҳои додаи худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.