Санаи 7 январи соли 2026 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Боғпарвар»-и Институти боғу токпарварии АИКТ, маҷлиси ҳисоботӣ, бо иштироки Каттаева Ф. Б. – намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, доктори илмҳои кишоварзӣ Кароматов Шарофиддин…
Санаи 7 январи соли 2026 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Боғпарвар»-и Институти боғу токпарварии АИКТ, маҷлиси ҳисоботӣ, бо иштироки Каттаева Ф. Б. – намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, доктори илмҳои кишоварзӣ Кароматов Шарофиддин Шарифович – раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Боғпарвар” ва дигар аъзои ташкилот баргузор гардид.
Тибқи рӯзномаи маҷлис ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 Каттаева Ф. Б. – намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур суханронӣ намуда, оид ба шарҳи масъалаҳои муҳими Паёми навбатӣ зикр гардид, ки ҳуҷҷати мазкур аҳамияти муҳими стратегӣ дошта, тавассути ироаи он заминаи рушди минбаъдаи самтҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ гузошта мешавад. Аз ин лиҳоз, қишрҳои гуногуни ҷомеаро зарур аст, ки фаъолияти хешро бо дарназардошти дастуру ҳидоятҳои зимни Паём ироагардида ба роҳ монда, ба ин васила самаранокии онро таъмин намоянд.
Пас аз он, аз ҷониби Кароматов Ш.Ш – раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Боғпарвар” ҳисобот оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти ташкилот дар соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026 ироа гардид.