29 январи соли 2025 дар толори конфронсии ҶСК «Таджик Эйр» таҳти роҳбарии директори Агентӣ Назарзода Ҳабибулло Темур, инчунин директори генералии ҶСК «Таджик Эйр» – Шодмонзода Парвиз, муовини якуми директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии…
29 январи соли 2025 дар толори конфронсии ҶСК «Таджик Эйр» таҳти роҳбарии директори Агентӣ Назарзода Ҳабибулло Темур, инчунин директори генералии ҶСК «Таджик Эйр» – Шодмонзода Парвиз, муовини якуми директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» – Маликзода Аслиддин, муовини директори ҶДММ «Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр» – Алияҳмад Қурбонов, муовини якуми директори генералии КВД «Таджикаэронавигация» – Шодмонбекзода Даврон ва кормандони Агентии авиатсияи гражданӣ ва корхонаҳои ҳавопаймоӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ 71 намояндаи воситаҳои ахбори дохилӣ ва хориҷӣ, расонаҳои давлатӣ ва мустақил ширкат варзиданд.
Саволҳои пешниҳодшуда асосан ба сатҳ ва сифати хизматрасониҳо дар фурудгоҳҳо ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ, ташкили хатсайрҳои дохилӣ ва байналмилалии ҶСК «Таджик Эйр», таъсиси ширкатҳои нави ҳавопаймоӣ бо мақсади баланд бардоштани рақобатпазирии авиатсияи гражданӣ, ташкили хатсайрҳои транзитӣ бо истифода аз навтарин технологияҳо, инчунин анҷом додани парвозҳои транзитӣ тавассути фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаҳои ҶДММ «Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр» оид ба афзоиши парвозҳо ба кишварҳои хориҷӣ, татбиқи «дарвозаҳои электронӣ» дар фурудгоҳҳои кишвар, масъалаҳои амнияти парвозҳо, нақшаҳои созандаи Агентии авиатсияи гражданӣ барои соли 2025 ва дигар масъалаҳои муҳим рабт доштанд. Ба ҳамаи саволҳо директори Агентии авиатсияи гражданӣ ва роҳбарони корхонаҳои ҳавопаймоӣ посухҳои мушаххас доданд.