Имрӯз бахшида ба 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи таъсисёбии авиатсияи гражданӣ бо иштироки собиқадорони соҳаи авиатсияи гражданӣ, роҳбарон, мутахассисон ва кормандони корхонаҳои авиатсионӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Саравал директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ҳабибулло тамоми иштирокчиёни чорабиниро бо 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи таъсисёбии авиатсияи гражданӣ муборакбод намуда, азҷумла қайд намуданд, ки дар давоми 35 соли Истиқлолият бо сарварии оқилона ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон чун соҳаҳои дигар, сол аз сол рушди тоза ёфта, ба хотири хизмати шоиста ба мардум тадбирҳои муассиру муфид андешида шуд, ки минбаъд дар миёни кишварҳои мутараққӣ ҷойгоҳи хоси худро касб кард. Маҳз дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи авиатсияи гражданӣ рушд ёфта, айни замон Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти авиатсияи гражданӣ бо 31 кишвари хориҷи дуру наздик созишномаҳо оид ба алоқаи ҳавоиро ба имзо расонида, заминаи мусоид барои амалӣ намудани парвозҳои байналмилалӣ муҳайё намудааст. Боиси хушбахтиву сарфарозист, ки иди касбии кормандони соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон ҳамасола дар арафаи ҷашнгирии иди таърихии кишварамон – Истиқлолияти давлатӣ таҷлил карда мешавад.
Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми кормандони авиатсияи граждании Тоҷикистон ва корхонаҳои авиатсионии кишвар дар роҳи инкишофи бемайлони минбаъдаи соҳа саъю талош менамоянд ва баҳри васеъ намудани ҷуғрофияи парвозҳо, харидорӣ намудан ва ҷалби бештари анвои нави ҳавопаймоҳои муосир, ташкили шоистаи парвози ҳавопаймоҳо, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба мусофирон, ҳифзу саривақт дастрас намудани борҳои интиқолшаванда, таъмини комили низому амнияти парвозҳо, таҷдиду бунёди терминалу аэровокзалҳои ҳозиразамон, навсозии хатҳои парвозу нишаст, харидани таҷҳизоту мошинолоти навтарин дар фурудгоҳҳо ва як қатор масоили дигари соҳа пайваста тадбирҳои таъхирнопазир андешида мешаванд.
Сипас роҳбарони корхонаҳои авиатсионии кишвар, собиқадорони соҳа доир ба аҳамияти Истиқлоли давлатӣ дар таҳкими давлатдории миллӣ, рушди устувори соҳаи авиатсияи гражданӣ дар давоми 35 соли Истиқлолият суханронӣ намуданд.
Дар давоми чорабинӣ собиқадорон ва мутахассисон, ки дар рушду нумӯи соҳаи авиатсияи гражданӣ саҳми арзанда доранд, бо медалу ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардиданд.
Ҳамчунин, аз ҷониби директори Агентӣ Назарзода Ҳабибулло ба коллективи кормандони дастгоҳи марказӣ ва собиқадорони соҳаи авиатсияи гражданӣ ифтихорномаҳо инъом гардид.