14 январи соли 2025 дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ҳабибулло Темур бо Президенти Идораи авиатсияи граждании Арабистони Саудӣ – Абдулазиз Абдулло Ал-Дуайли ва Вазири ҳаҷ ва умраи Подшоҳии Арабистони Саудӣ Тауфиқ ибни Фавзӣ Ал-Рабия мулоқот намуд. Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ барои рушди сайёҳӣ ва афзоиш додани хатсайрҳо байни ду кишвар баррасӣ шуданд.