Ҷаласаи Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корхонаҳои авиатсионии мамлакат бо мақсади ҷамъбасти фаъолият дар 12 моҳи соли 2024 дар толори Бинои Агентӣ баргузор гардид. Дар рафти ҷаласа Директори Агентии Назарзода Ҳабибулло Ва намояндаи Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирзода Маҳмуд ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ дар фурудгоҳҳои кишвар дастур доданд, иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат аз паеми навбатӣ, рушди соҳаи авиатсия, дуруст ва саривақт пешниҳод намудани ҳисоботҳо аз ҷониби корхонаҳои авиатсионӣ, саривақт истифода бурдани маълумоти назоратӣ, мусоидат ба шукуфоии Ватан тавассути ободониву бунедкорӣ. Дар охир Назарзода Ҳабибулло қайд намуд, ки соли 2025 бо мақсади зиед намудани хатсайрҳои маҳаллии ҶСК "Тоҷик Эйр", зиед намудани шумораи парвозҳо бо кишварҳои хориҷи дуру наздик ва ба ин васила рушди минбаъда ва баланд бардоштани рақобатпазирии соҳаи авиатсияи гражданӣ мо барои амалӣ намудани нақшаҳои созандаи худ тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳем.