28 декабр коллективи кормандони Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, тариқи монитор дастаҷамъона тамошо намуданд.
Дар Паёми навбатии худ Президенти кишвар вазъи кунунии рушди кишварро мавриди арзёбӣ қарор дода, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Тоҷикистонро барои солҳои оянда муайян намуданд.
Паёми Пешвои миллат ҳамаи соҳаҳои кишварро фаро гирифта, дар дилу зеҳни ҳар як шунаванда таасуроти амиқ гузошт.
Кормандони Агентии авиатсияи гражданӣ аз Паёми Роҳбари давлат рӯҳу равони тоза гирифта, дар партави он баҳри амалӣ намудани нақшаву вазифаҳои дарпешистода барои соли оянда саъю кӯшиш хоҳанд кард.