Дар соҳаи авиатсияи кишварамон боз як руйдоди муҳими таърихӣ ба вуқуъ пайваст. Имрӯз байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Гурҷистон Созишнома оид ба алоқаи ҳавоӣ ба имзо расид. Созишнома аз ҷониби директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ҳабибулло ва Вазири иқтисод ва рушди устувори Гурҷистон Мариам Квривишвили ба имзо расонида шуд.
Созишнома барои густариши муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи ҳамлу нақли ҳавоӣ, ҷалби сайёҳон ва рушди сармоягузорӣ, мустаҳкам намудани робитаҳои дустӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкорӣ байни ду кишвар, таҳкими имконот ва иқтидори нақлиёти ҳавоии байналмилалӣ, ба роҳ мондани парвозҳои доимӣ ба шаҳрҳои Гурҷистон, заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар асоси санади мазкур соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистону Гурҷистон дар самти фаъолияти тиҷоратӣ, таъиноти ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва иҷозатномадиҳӣ, бехатарии авиатсионӣ ва парвозҳо ҳамкорӣ менамоянд.