28 ноябри соли 2024 дар толори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа бо иштироки директори Агентии Назарзода Ҳабибулло Темур, сармуҳофизи Идораи муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковник Адлия Розикзода Алихон Абдулҳаким Баргузор гардид, ки дар он роҳбарони идора, шӯъбаҳо Ва дигар кормандони Агентӣ, намояндагони корхонаҳои авиатсионии мамлакат иштирок намуданд, дар ҷараени он татбиқи "стратегияи Давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030" баррасӣ гардид. Дар оғози ҷаласа директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ҳабибулло суханони асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ед овард:"Коррупсия падидаи номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок буда, мубориза бо он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини мамлакат мебошад". Ҳамчунин зикр гардид, ки дар асоси изҳороти Пешвои миллат Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар яки мо хизматчиени давлатӣ бояд бо ин зуҳуроти номатлуб, ки тамоми кишварҳои ҷаҳонро фаро гирифта, вазифаҳои худро софдилона иҷро намоем, мубориза барем. Зикр гардид, ки мақсади роҳбарияти Агентии авиатсияи гражданӣ пешгирии омилҳои коррупсионӣ мебошад ва дар ҳар як вохӯрӣ ва машварат оид ба ин масъалаи мубрам вобаста ба фаъолияти кормандони агентӣ ва корхонаҳои инфрасохторӣ ҳатман таъкид ва дастур дода мешавад. Дар асоси ин иддаоҳо бо пешниҳоди Агентӣ қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташкили дарвозаҳои электронӣ дар фурудгоҳҳои кишвар ба имзо расид, ки иҷрои он ба пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирон мусоидат менамояд. Намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба нуктаҳои дахлдори стратегияи мазкур суханронӣ намуда, аз ҷумла дар бораи беҳтар намудани фаъолияти комиссияҳои идоравӣ оид ба пешгирии омилҳои коррупсионӣ, аз ҷумла гирифтани пора ва тӯҳфаҳо, сӯиистифода аз мансаб, истифодаи ғайримақсадноки ашеи корӣ, пардохти андози давлатӣ, иҷрои саривақтии санадҳои меъерии ҳуқуқӣ ҳангоми иҷрои барномаҳо ва қонунҳои қабулшуда ва ҷалби дурусти кадрҳо оид ба Ихтисосҳо. Дар охир директори Агентӣ ба намояндагони корхонаҳои авиатсионии кишвар супориш дод, ки бо иштироки коллективҳои меҳнатӣ дар мавзӯи дар боло зикршуда машварат гузаронанд ва моҳияти онро ба кормандон расонанд.