Санаи 15 майи соли 2026 бо даъвати Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе вохурииДиректори Агентии авиатсияи гражданӣ Назарзода Ҳабибулло бо Президенти Маъмурияти авиатсияи граждании Ҷумҳурии Арабии Миср Самеҳ Муҳаммад Фаузӣ ва роҳбарони ширкатҳои ҳавопаймоии Air Cairo ва EgyptAir баргузор гардид. Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ, кушодани парвозҳо байни пойтахтҳо ва дигар шаҳрҳо, ҳамзамон кушодани парвозҳои боркашонӣ (карго)-ро муҳокима намуданд.
Дар раванди вохурӣ Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Маъмурияти авиатсияи граждании Арабии Миср ва Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонида шуд.
Агентии авиатсияи гражданӣ тасмим гирифтааст, ки ҳамкориҳоро ҷиҳати ба роҳ мондани парвозҳои доимӣ дар самти мусофиркашонӣ ва боркашонӣ, бо шаҳрҳои сайёҳии Шарм Ал Шайх ва Қоҳираи Ҷумҳурии Арабии Миср ва ширкатҳои ҳавопаймоии Air Cairo ва EgyptAir ба роҳ монад.
Агентии авиатсияи гражданӣ нақша дорад, ки ҳамкориҳои судмандро бо дигар давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон зиёд намуда, обрую нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардорад.