Санаи 24 июли соли 2024, дар маҷлисгоҳи ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” бо роҳбарии Директори Агентӣ Назарзода Ҳабибулло, инчунин, муовини аввали директори генералии КВД "Тоҷикаэронавигатсия" - Шодмонбекзода Даврон, муовини аввали директори генералии ҶСК "Тоҷик Эйр" – Эшонқулов Фирӯз , муовини якуми директори генералии ҶСК "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе" - Маликзода Аслиддин, директори генералии ҶДММ "Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр" – Валиев Абдулқосим, кормандони Агентии авиатсияи гражданӣ ва корхонаҳои авиатсионӣ нишасти матбуотӣ доир гардид. Дар он 51 нафар намояндагони расонаҳои иттилоотии дохилӣ ва хориҷӣ, давлатӣ ва мустақил иштирок намуданд.
Бояд зикр намуд, ки вақти ҷудошуда барои нишасти матбуотӣ танҳо бо саволу ҷавоб гузашт. Суолҳои пешниҳодгардида асосан фарогири масъалаҳои ҳолати воқеии ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО), сабабҳои баргардонидани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фурудгоҳҳои Федератсияи Россия, ташкили хатсайрҳои маҳаллӣ ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ, кушодани ширкатҳои ҳавопаймоии нав ҷиҳати рақобатпазир намудани авиатсияи гражданӣ, сабабҳои парвоз намудани шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба воситаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ташкили хатсайрҳои транзитӣ бо дастрасии технологияҳои навтарин, иҷрои парвозҳои транзитӣ тариқи фазои ҳавоии Тоҷикистон, инчунин, харидории тайёраҳои хурдҳаҷм барои парвозҳои маҳаллӣ аз ҷониби ҶДММ “Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр”, қарздории ҶСК “Тоҷик Эйр”, шумораи парвозҳо ва фаъолияти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”, ташкили хатсайрҳо ба дигар шаҳрҳои Федератсияи Россия ва чанде суолҳоро дарбар гирифта, ба онҳо аз ҷониби Директори Агентии авиатсияи гражданӣ ва роҳбарони корхонаҳои авиатсионӣ посухҳои мушаххас дода шуданд.