Санаи 11 ноябри соли 2025, дар асоси даъвати Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вохӯрии Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ҳабибулло Темур бо Президенти Маъмурияти авиатсияи граждании Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳусейн Пурфарзона баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи авиатсияи гражданӣ, аз ҷумла зиёд намудани шумораи парвозҳо ва ифтитоҳи хатсайрҳои нави ҳавоӣ дар самтҳои Киш–Душанбе, Киш–Хуҷанд ва Шероз–Душанб мавриди баррасӣ қарор доданд.
Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки дар доираи татбиқи сиёсати «Осмони кушод», ки мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад, барои тамоми намуди хизматрасониҳо, фурудгоҳҳои байналмилалии кишвар ба андозаи 40 фоиз тахфиф пешбинӣ шудааст. Ин иқдом бо мақсади ҷалби ширкатҳои байналмилалии ҳавопаймоӣ ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои авиатсионӣ роҳандозӣ гардидааст.
Ҳамчунин, дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои такмили ихтисоси мутахассисон ва ташкили курсҳои омӯзиширо баррасӣ намуданд.
Боиси зикр аст, ки айни ҳол байни ду кишвар аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ва аз ҷониби Ҷумҳурии Исломии Эрон ширкати ҳавопаймоии “Вориш Эйрлайнз” парвозҳоро анҷом медиҳанд.
Ҳамзамон қайд кардан ба маврид аст, ки шурӯъ аз 17 ноябри соли 2025 аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Раймонд Эйрлайнз» парвозҳои мунтазам дар самти Машҳад – Душанбе – Машҳад ҳафтае ду маротиба оғоз мегарданд.
Дар идомаи ҳамкориҳои судманд, аз 28 ноябри соли 2025 оғози парвозҳои чартерии ширкати ҳавопаймоии «Киш Эйрлайнз» дар хатсайри Киш – Душанбе – Киш ба нақша гирифта шудааст.