Санаи 5 ноябри соли 2025 дар шаҳри Вашингтони Штатҳои Муттаҳидаи Америка вохӯрии директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ҳабибулло Темур бо муовини директори Идораи федералии авиатсияи граждании ШМА Кристен Гатлин баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи авиатсияи гражданӣ, аз ҷумла таҳияи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Штатҳои Муттаҳидаи Америка “Оид ба алоқаи ҳавоӣ” ва бунёди парвозҳои мустақим байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Штатҳои Муттаҳидаи Америка мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими заминаҳои ҳуқуқӣ ва техникӣ барои густариши муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи авиатсияи гражданӣ мубодилаи афкор намуданд.
Аксҳо аз ҷараёни вохӯрӣ.