Ҳамасола 3 сентябр дар кишвари мо Рӯзи таъсисёбии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад ва басо рамзист, ки он ба ҷашни бузурги миллӣ-Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони азизамон рост меояд.
Имрӯз дар толори ҶСК “Тоҷик Эйр” бахшида ба 34 солагии Истиқлолияти давлатӣ ва Рӯзи таъсисёбии авиатсияи миллӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар он собиқадорони соҳаи авиатсияи гражданӣ, роҳбарон, мутахассисон ва кормандони корхонаҳои авиатсионӣ иштирок намуданд. Саравал директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ҳабибулло ҷиҳати дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурӣ дар самти пешравӣ ва рушди соҳа, хизмати собиқадорон дар тарбияи кадрҳои ҷавон, таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷиҳати рушди соҳаи авиатсияи граждании кишвар, корҳои анҷомёфта дар самти зиёд намудани хатсайрҳо, ҳамкориҳои судманд бо ширкатҳои хориҷӣ оид ба зиёд намудани парвозҳо баромад намуданд. Роҳбари дастгоҳи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Забирзода Олимҷон, роҳбарони корхонаҳои авиатсионӣ, собиқадорони соҳаи мазкур баромад намуда, оид ба хизматҳои нотакрори Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафти соҳаҳои гуногуни мамлакат, таҳкими сулҳу субот, ободкориву созандагӣ дар кишвар, истиқлолияти давлатӣ, ибрози андеша намуданд.
Дар охир собиқадорон ва мутахассисон, ки дар рушду нумӯи соҳаи авиатсияи гражданӣ саҳми арзанда доранд, бо медалу ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардиданд.
Ҳамчунин, дар толори Агентии авиатсияи гражданӣ аз ҷониби директори Агентӣ Назарзода Ҳабибулло ба коллективи кормандони дастгоҳи марказӣ ва собиқадорони соҳаи авиатсияи гражданӣ ифтихорномаҳо инъом гардид.