Муҳтарам ҳамватанон!
Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттилои шаҳрвандони ҷумҳурӣ мерасонад, ки бо мақсади такмили инфрасохтор ва беҳтар кардани хизматрасониҳои нақлиёти ҳавоӣ, шуруъ аз 16 сентябри соли 2025 нахустин парвоз ба шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин амалӣ мегардад, ки муносибатҳои дустии шаҳрҳои номбурдаро бо ҳам мепайвандад.
Парвози мазкур аз ҷониби Ширкати ҳавопаймоии “Zhejiang Loong Air” дар хатсайри Сиан-Душанбе-Сиан ҳафтае ду маротиба амалӣ хоҳад гардид.
Кушодашавии парвозҳо дар ин самт бевосита барои густариш додани ҳамкориҳои дуҷониба, рушди сайёҳӣ ва рафту омади бемамонияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.
Боиси зикр аст, ки маҳз бо дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соҳаи авиатсияи граждании кишвар марҳила ба марҳила рушд ёфта истодааст.
Ҷорӣ намудани сиёсати “Осмони кушод” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушд ва пешрафти соҳаи авиатсияи кишвар, васеъ намудани ҷуғрофияи парвозҳо ва зиёд намудани хатсайрҳо имконият фароҳам овард.
Агентии авиатсияи гражданӣ дар оянда низ нақша дорад, ки ҳамкориҳоро дар самти кушодани хатсайрҳои нав бо ширкатҳои хориҷӣ зиёд намояд.