Санаи 21 августи соли 2025 дар Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки васеи кормандон ҷиҳати амалӣ намудани Низоми ягонаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ (edo.innovation.tj) ҷаласаи назоратии назди директори Агентӣ Назарзода Ҳабибулло баргузор гардида, таъкид ба амал оварда шуд, ки бо мақсади таҳкими ҳукумати электронӣ ва баланд бардоштани сатҳи идоракунии муосир, гардиши ҳуҷҷатҳо дар Агентии авиатсияи гражданӣ бо низоми мазкур пурра ба роҳ монда шудааст.
Ба масъулин дастур дода шуд, ки омӯзиши тартиби дурусти истифода ва кор бо низоми мазкурро мукаммалтар ба роҳ монанд.
Инчунин, барои сари вақт иҷро намудани дастуру супоришҳо бо риояи талаботи низоми электронӣ дастурҳои мушаххас дода шуд.
Аз ҷониби Агентӣ барномаи худкори назоратӣ ва системавӣ таҳия гардида, дастрасии сертификатҳо-иҷозатномаҳоро ба корхонаҳои авиатсионӣ, мутахассисони соҳа ва таҷҳизотҳои авиатсионӣ ба роҳ мемонад.