Боиси хушнудист, ки бо дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббуси Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,имрӯз аввалин парвози ширкати ҳавопаймоии "Centrum Air"-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар хатсайри Тошканд - Душанбе - Тошканд ба роҳ монда шуд.
Мавриди зикр аст, ки парвозҳо дар ин самт аз ҷониби ҶДММ "Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр" ва "Uzbekistan Airways" низ амалӣ мегардад.
Зиёд гардидани шумораи парвозҳо дар ин самт бевосита барои густариш додани ҳамкориҳои дуҷониба, рушди сайёҳӣ ва рафту омади бемамонияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.
Ба мусофирон парвози бароҳат ва бехатар таманно намуда, ба ширкати ҳавопаймоии "Centrum Air" муваффақият ва комёбиҳоро дар фаъолияташон хоҳонем.
✈️✈️✈️