Имрӯз дар доираи Форуми иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб Созишномаи ҳамкорӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ «байнӣ ва мутаносибан берун аз…
Имрӯз дар доираи Форуми иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб Созишномаи ҳамкорӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ «байнӣ ва мутаносибан берун аз ҳудудҳои онҳо» ба имзо расид,
Созишнома аз ҷониби директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода ва Вазири иқтисод ва сайёҳӣ, Раиси Мақомоти федеролии авиатсияи граждании Амороти Муттаҳидаи Араб Абдулло ибни Тавқ Ал-Маррӣ ба имзо расонида шуд.
Созишнома барои густариши муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи ҳамлу нақли байналмилалии авиатсияи гражданӣ, интиқоли мол ва мусофирон тавассути алоқаи ҳавоӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ҳамчунин ин санад ҳамкориро дар соҳаи алоқаи ҳавоӣ ва авиатсияи гражданӣ ба танзим дароварда, барои ҷалби сайёҳону сармоягузорон аз кишварҳои халиҷӣ замина мегузорад.
Ин созишнома ба ширкатҳои ҳавоии ватанӣ имкон медиҳад, ки тавассути Амороти Муттаҳидаи Араб парвозҳоро ба дигар давлатҳои дуру наздик ба роҳ монда, ҷуғфорияи парвозҳои худро васеъ намоянд.
Созишномаи имзошуда қадами муҳим дар самти тақвияти ҳамкории стратегӣ ва рушди робитаҳои нақлиётии байни ду давлат арзёбӣ мегардад.